<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><lyrics>[V1]
 Забури Довуд Таронаи 15
 Маро нигаҳбонӣ намо, эй Худо, зеро ки ба Ту паноҳ мебарам.
 Ба Худованд гуфтам: Ту Худованди ман ҳастӣ;
 некӯӣ барои ман ҷуз аз Ту нест.
 Ба муқаддасон низ, ки дар мамлакат ҳастанд,
 ва ба нерумандон - тамоми иштиёқи ман дар онҳост.
 Кулфатҳои онҳое ки худои дигареро мепарастанд, афзун хоҳад шуд;
 қурбониҳои рехтании хунини онҳоро нахоҳам рехт,
 ва номҳои онҳоро ба забон нахоҳам овард.
 Худованд ҳиссаи насибаи ман ва косаи ман аст;
 Ту қуръаи маро нигоҳ доштаӣ.
 Марзаҳои ман ба мақомҳои хуш афтодааст,
 ва мероси зебое ба ман расидааст.
 Худовандро муборак мехонам, ки Ӯ маро ҳидоят намудааст;
 шабҳо низ ботинам маро меомӯзад.
 Ҳамеша Худовандро пеши назари худ мебинам,
 зеро ки Ӯ ба ямини ман аст; фурӯ нахоҳам ғалтид.
 Ба ин сабаб дилам шод шуд, ва рӯҳам ба ваҷд омад;
 ҷисмам низ дар осудагӣ сокин хоҳад шуд;
 Зеро ки Ту ҷони маро дар дӯзах нахоҳӣ андохт;
 нахоҳӣ гузошт, ки Куддуси Ту фаноро бубинад.
 Тариқи ҳаётро ба ман биомӯз: камоли шодиҳо ба ҳузури Туст,
 ва хушиҳо ба ямини Туст то абад.</lyrics>
<title>Забури Довуд Таронаи 15</title>
</song>